Малики зодае ганҷи фаровон аз падар мирос ёфт . Даст карам баргушод ва дод саховат бидоду неъмат бедареғ бар сипоҳ ва раият бирехт .

Наёсоед машом аз таблаи авд

Бар оташ на , ки чун анбари ббўид

Бузургӣ боядат бахшандагӣ кун

Ки дона то ниФшонӣ наравед

Яке аз ҷлсоӣ бе тадбири насиҳаташ оғоз кард ки « мулӯки пешини мари ин неъматро ба саъй андӯхтаанд ва барои маслиҳатии ниҳода . Даст аз ин ҳаракат кӯтоҳ кун ки воқеаҳо дар пешасту душманон аз пас ; набояд ки вақти ҳоҷати фурӯи Монӣ . »

Агар ганҷӣ кунӣ бар омёни бахш

Расад ҳар кадхудоеро биринҷӣ

Чаро нстонӣ аз ҳар як ҷӯии сим

Ки гирд ояд туро ҳар вақти ганҷӣ ?

Малик рӯй аз ин сухан ба ҳам овараду мар ӯро заҷр фармуд ва гуфт : марои худованд , тъолиٰи молики ин мамлакат гардонидааст то бихӯрам ва бубахшам на посбон ки нигоҳ дорам .

Қорун ҳалок шуд ки чиҳил хона ганҷ дошт

Нӯшин равон намурда ки ном накӯ гузошт