Золимиро ҳикоят кунанд ки ҳизуми даравишони харидӣ ба ҳайф ва тавонгаронро додӣ ба тарҳ . Соҳибдилӣ бар ӯ гузар кард ва гуфт :
Марии ту ки ҳар киро бибинӣ , бизанӣ
ё бум ки ҳар куҷои нишинӣ , бикунӣ
Зӯрат ар пеш меравад бо мо
Бо худованди ғайб дон наравад
Зўрмндӣ макун бар аҳли замин
То дуое бар осмон наравад
Ҳоким аз гуфтан ӯ биринҷед ва рӯй аз насиҳат ӯ дар ҳам кашид ва бар ӯ илтифот накард , то шабӣ ки оташи матбах дар анбор ҳизумаш афтоду соир амлокаш бсухт вази бистари нармаш ба хокистари гарми нишонд . Иттифоқан ҳамон шахс бар ӯ бигузашт ва дидаш ки бо ёрон ҳаме гуфт : надонам ин оташ аз куҷо дар сарой ман афтод ? гуфт : аз дили даравишон .
Ҳазар кун зи дарди дарунҳои риш
Ки риши даруни оқибат сар кунад
Ба ҳам бар макун то туоне дилӣ
Ки оҳии ҷаҳонӣ ба ҳам бар кунад
Бар тоҷи Кайхусрави набишта буд :
Чаҳ солҳои фаровону умрҳои дароз
Ки халқ бар сари мо бар замин бихоҳад рафт
Чунон ки даст ба дасти омадаи сети малик ба мо
Ба дастҳои дигар ҳамчунин бихоҳад рафт