Дарвешии муҷаррад ба гӯша Эй нишаста буд . Подшоҳӣ бар ӯ бигузашт . Дарвеш аз онҷо ки фироқи малик қаноатаст , сар бар наёвард ва илтифот накард . Султон аз онҷо ки стўт салтанатаст , биринҷед ва гуфт : ин тайифаи хирқаи пӯшони амсол ҳайвонанду аҳлят ва одамият надоранд . Вазир наздикаш омад ва гуфт : эй ҷавонмард ! султон рӯй замин бар ту гузар кард чаро хидматӣ накардӣу шарти адаб ба ҷой наёвардӣ ? гуфт : султонро бигӯӣ таваққуъи хизмат аз касе дор ки таваққуъи неъмат аз ту дораду дигар ; бидон ки мулӯк аз баҳри пос раиятанд на раият аз баҳри тоъати мулӯк .
Подшаҳи посбон дарвеш аст
Гарчи ромиш ба фар давлат ӯст
Гўспнд аз барои чӯпон нест
Балки чӯпон барои хизмат ӯст
Яке имрӯзи Комрони бинӣ
Дайгариро дил аз муҷоҳидаи риш
Рўзкӣ чанд бош то бихӯрад
Хок , мағзи сари хаёли андеш
Фарқи шоҳӣ ва бандагӣ бархест
Чун қазоӣ набишта омад пеш
Гар касе хоки мурда боз кунад
Нанамояд тавонгару дарвеш
Маликро гуфт дарвеш устувор омад . Гуфт : аз ман таманно бикун . Гуфт : он ҳаме хоҳам ки дигарбораи заҳмат ман надиҳӣ . Гуфт : маро пандӣ бидиҳ . Гуфт :
Дарёб , кунун ки неъматат ҳаст ба даст
Кин давлат ва малик меравад даст ба даст