Подшоҳӣ ба куштан бегуноҳӣ фармон дод . Гуфт : эй малик ! ба мӯҷиби хашмӣ ки туро бар манаст , озори худ мҷўӣ ки ин уқубат бар ман ба як нафас ба сар ояду бузаи он бар ту ҷовид бимонад .

Даврони бақо чу бод саҳро бигузашт

Талхӣу хушӣу зишт ва зебо бигузашт

Пиндошти ситамгар ки ҷафо бар мо кард

Дар гардан ӯ бимонад ва бар мо бигузашт

Маликро насиҳат ӯ сӯдманд омад ва аз сари хӯн ӯ дар гузашт .