Ду бародари яке хизмат султон кардӣу дигар ба зӯри бозу нон хӯрдӣ .
Борӣ , ин тавонгар гуфт дарвешро ки : чаро хизмат накунӣ то аз машаққати кор кардани барраӣ ?
Гуфт : ту чаро кор накунӣ то аз мазаллати хизмати раҳои ёбӣ ? ки хирадмандон гуфтаанд : нони худ хӯрдану нишастан ба ки кмршмшири заррин ба хизмат бастан .
Ба дасти оҳаки тафта кардани хамир
Ба аз даст бар синаи пеши амир
Умри гиронмоя дар ин сарф шуд
То чаҳ хӯрам сиФ ва чаҳ пӯшами што
эй шиками хира ба ноне бисоз
То накунӣ пушт ба хизмати ду то