Шабӣ дар биёбони Макка аз бе хобии пой рафтанам намонад ; сар биниҳодаму штрбонро гуфтам : даст аз ман бидор .

Пои мискини пиёда чанд равад ?

Каз таҳаммул сутӯҳ шуд бахтӣ

То шавад ҷисми фарбеҳии лоғар

Лоғарӣ мурда бошад аз сахтӣ

Гуфт : эй бародар ! ҳарам дар пешасту ҳаромӣ дар пас ; агар рафтӣ барадӣ , вагар хуфтӣ , мардӣ .

Хушаст зери муғелон ба роҳ бодия хуфт

Шаби раҳил вале тарки ҷон бибояд гуфт