Яке аз ҷумлаи солеҳон ба хоб дид подшоҳиро дар биҳишту порсое дар дӯзах .
Пурсед ки мӯҷиби дараҷот ин чисту сабаби даракоти он ? ки мардум ба хилофи ин муътақид буданд .
Нидо омад ки ин Подшаҳ ба иродати даравишон ба биҳишт андараст ва ин порсо ба тақарруби подшоҳон дар дӯзах .
Далқат ба чаҳ кор ояду масҳӣу мураққаъ
Худро зи амалҳои накӯҳидаи барии дор
Ҳоҷат ба кулоҳи бркӣ доштанат нест
Дарвеш сифат бошу кулоҳи ттрии дор