Яке аз подшоҳони обидиро пурсед ки аёлон дошт : авқоти азиз чигуна мегузарад ? гуфт : ҳамаи шаб дар муноҷоту саҳар дар дуои ҳоҷоту ҳамаи рӯз дар банди ихроҷот .

Маликро мазмуни ишорати обиди маълуми гашт . Фармуд то ваҷҳи кафофи вай муайян доранду бори аёл аз дил ӯ бархезад .

эй гирифтори пои банди аёл

Дигар осӯдагӣ мабанд хаёл

Ғами фарзанду нону ҷомау қӯт

Бозати оради зи сайр дар малакӯт

Ҳамаи рӯзи иттифоқ май созам

Ки ба шаб бо худои пардозам

Шаб чу ақди намоз май бандам

Чаҳ хӯрд бомдоди фарзандам ?