Дуздӣ ба хонаи порсое дар омад ; чандон ки ҷуст чизе наёфт . Дилтанг шуд . Порсо хабар шуд . Гилӣмӣ ки бар он хуфта буд дар роҳи дузди андохт то маҳрӯм нашавад .

Шунидам ки мардони роҳи худоӣ

Дили душманонро накарданд танг

Туро кӣ муяссар шавад ин мақом

Ки бо дӯстонат хилофасту ҷанг ?

Маваддати аҳли сафо , чаҳ дар рӯй ва чаҳ дар қафо , на чунон каз паст айб гиранду пешат беш меринд .

Дар баробар , чу гўспнди салим

Дар қафо , ҳамчуи гурги мардуми хор

Ҳар ки айби дгарони пеш ту овараду шимурд

Бегумон , айби ту пеш дгарон хоҳад барад