Ин ҳикояти шинав ки дар Бағдод

Рояту пардаро хилоф афтод

Роят аз гирди роҳу ранҷи рикоб

Гуфт бо парда аз тариқи итоб :

Ман ва ту ҳар ду хоҷаи тошоним

Банда боргоҳ султонем

Ман зи хизмат дамӣ нёсудам

Гоҳу бегоҳ дар сафар будам

Ту на ранҷи озмудае на ҳисор

На биёбону боду гирду ғубор

Қадами ман ба саъй пештар аст

Пас чаро иззати ту бештараст ?

Ту бар бандагони маи рӯе

Бо ғуломони ёсумани бӯе

Ман фитода ба дасти шогирдон

Ба сафари пои банду саргардон

Гуфт : ман сар бар остон дорам

На чу ту сар бар осмон дорам

Ҳар ки беҳуда гардан афрозад

Хештанро ба гардан андозад