Бузургиро пурсидам аз сирати ихвони сафо . Гуфт : каминаи он ки муроди хотири ёрон бар масолеҳи хеш мақдам дорад ва ҳукамо гуфтаанд : бародар ки дар банд хешаст на бародар ва на хешаст .

Ҳамроҳ агар шитоб кунад ҳамраҳ ту нест

Дил дар касе мабанд ки дили баста ту нест

Чун набӯд хешро диёнату тақво

Қатъи раҳми беҳтар аз маваддати қурбӣ

Ёд дорам ки муддаӣ дар ин байт бар қавли ман эътироз карда буд ва гуфта : ҳақи таъолӣ дар китоби Маҷид аз қатъ раҳм наҳй кардааст ва ба маваддати зии алқрбии фармӯдау инча ту гуфтӣ мноқз онаст . Гуфтам : ғалат кардӣ ки мувофиқ қуръонаст :

Ва ани ҷоҳдоки алии ани тшрк бе мо лӣси лак ба илми Флои ттъҳмо

Ҳазор хеш ки бегона аз худо бошад

Фидои як тани бегона кошно бошад