Дидам гули тоза чанд даста
Бар гунбадӣ аз гиёҳи руста
Гуфтам : чаҳ буд гиёҳи ночиз
То дар саф гул нишинад ӯ низ ?
Бигирист гиёҳ ва гуфт : хомӯш
Суҳбат накунад карами фаромӯш
Гар нест ҷамолу ранг ва бӯем
Охир на гиёҳ боғ ӯем ?
Ман бандаи ҳазрати Каримам
Парвардаи неъмати қадимам
Гар беҳунарам вагар ҳунарманд
Лутфаст умедам аз худованд
Бо он ки бизоъатӣ надорам
Сармоя тоъатӣ надорам
ӯ чораи кор банда донад
Чун ҳеҷ всилтш намонад
Расмаст ки моликони таҳрир
Озод кунанд бандаи пер
эй борхдои олами орой
Бар бандаи пери худ бибахшоӣ
Саъдии раҳи каъбаи ризои гир
эй марди худо ! дар худои гир
Бадбахт касе ки сар битобад
Зин дар ки дарӣ дигар биёбад