Сайёдии заъифро моҳии қавӣ ба дом андар афтод , тоқати ҳифз он надошт . Моҳӣ бар ӯ ғолиб омаду дом аз дасташ дар рабӯд ва бирафт .
Шуд ғуломӣ ки оби ҷӯии орад
Ҷӯй об омаду ғуломи бабрад !
Дом ҳар бор моҳӣ оварадӣ
Моҳии ин бор рафту доми бабрад
Дигари сайёдон дареғ хӯрданд ва маломаташ карданд ки чунин сайдӣ дар домат афтод ва надонистӣ нигоҳи доштан . Гуфт : эй бародарон , чаҳ тавон кардан ? маро рӯзӣ набӯду моҳиро ҳамчунон рӯзии монда буд . Сайёд берӯзӣ дар диҷла нагираду моҳӣ беаҷал бар хушк намирад .