Ду дарвеши хуросонии мулозими суҳбати якдигар сафар кардандӣ . Яке заъиф буд ки ҳар ба ду шаб ифтор кардӣу дигари қавӣ ки рӯзии се бор хӯрдӣ .

Иттифоқан бар дар шаҳрӣ ба тӯҳмати ҷосӯсӣ гирифтор омаданд . Ҳар дуро ба хона Эй карданд ва дар ба гул бароварданд .

Баъд аз ду ҳафта маълум шуд ки бе гуноҳанд . Дарро кушоданд . Қавиро диданди мурдау заъифи ҷон ба саломати барда .

Мардум дар ин аҷаби монданд .

Ҳакимӣ гуфт : хилофи ин аҷаб будӣ , он яке бсёрхўор бӯдааст , тоқат бенавое наёвард , ба сахтӣ ҳалок шуд . Вена дигар хештан дор бӯдааст , лоҷарам бар одати хеш сабр кард ва ба саломат бимонад .

Чу кам хӯрдан табиат шуд касе ро

Чу сахтӣ пешаш ояд , саҳл гирад

Вагар тан парвараст андари фарохӣ

Чу танагӣ бинад , аз сахтии бимирад