Яке аз ҳукамои писарро наҳй ҳаме кард аз бисёр хӯрдан ки сирии мардумро ранҷур кунад .

Гуфт : эй падар ! гуруснагии халқро бикашад , нашунидае ки зарифон гуфтаанд ба сирии мурдан ба ки гуруснагии бурдан .

Гуфт : андозаи нигаҳдор , клўоу ашрбўоу лٰои тсрФўо .

На чандон бихӯр каз даҳонат бар ояд

На чандон ки аз заъфи ҷонат бар ояд

Бо он ки дар вуҷӯд таомаст айши нафас

Ранҷ оварад таом ки беш аз қадар буд

Гар гули шукри хурӣ ба такаллуф , зиён кунад

Вари нони хушки дайри хурӣ , гули шукр буд

Ранҷуриро гуфтанд : дилат чаҳ мехоҳад ?

Гуфт : он ки дилам чизе нахоҳад .

Меъда чу каҷи гашту шикам дард хост

Суд надорад ҳамаи асбоб , рост