Вақте ба ҷаҳли ҷавонии бонг бар модар задам , дили озурда ба кунҷӣ нишасту гирён ҳаме гуфт : магари хурдӣ фаромӯш кардӣ ки дуруштӣ мекунӣ ?

Чаҳ хуш гуфт золӣ ба фарзанди хеш

Чу дидаш паланги афкану пели тан

Гар аз аҳди хирадят ёд омадӣ

Ки бечора будӣ дар оғӯши ман

Накардӣ дар ин рӯз бар ман ҷафо

Ки ту шермардӣ ва ман перзан