Фалакро ин ҳама тамкин набошад
Фурӯғи меҳру ма чандин набошад
Сабо гар бугзарад бар хоки поят
Аҷабгар доманаш мишкӣн набошад
зи марвориди тоҷи хсрўонит
Яке дар хӯша парвин набошад
Бақои малики боди ин хонадон ро
Ки то бошад халал дар дайн набошад
Ҳар он кӯ сар бигардонад зи ҳикмат
Аз он бечоратар мискин набошад
Адуро каз ту бар дил пой пеласт
Бизан то бидқш фарзин набошад
Чунин хусрав куҷо бошад дар офоқ
Вагар бошад чунин ширин набошад
Худоро душманаш ҷое бмирод
Ки ҳеҷаш дӯст бар болин набошад