Моҳ форуманд аз ҷамоли Муҳамад
Сарв набошад ба эътидоли Муҳамад
Қадари фалакро камол ва манзалатӣ нест
Дар назари қадар бо камоли Муҳамад
Ваъдаи дидор ҳар касе ба қиёмат
Лайлаи асрии шаби висоли Муҳамад
Одаму Нӯҳу халилу Мӯсоу исо
Омадаи маҷмӯ дар зилоли Муҳамад
Арсаи гетии маҷоли ҳиммат ӯ нест
Рӯзи қиёмати нигари маҷоли Муҳамад
Вонҳмаҳи перояи бастаи ҷинати фирдавс
Бӯ ки қабулаш кунад балоли Муҳамад
Ҳамчу замин хоҳад осмон ки биафтад
То бидиҳад бӯса бар нъоли Муҳамад
Шамсу қамар дар замин ҳашар нтобад
Нур нтобад магари ҷамоли Муҳамад
Шояд агар офтоб ва моҳ нтобанд
Пеши ду абрӯӣ чун ҳилоли Муҳамад
Чашми маро то ба хоб дид ҷамолаш
Хоб намегирад аз хаёли Муҳамад
Саъдӣ агар ошиқӣ кунӣу ҷавонӣ
Ишқи Муҳамад басасту оли Муҳамад