Онро ки ҷой нест ҳамаи шаҳр ҷой ӯст

Дарвеш ҳар куҷо ки шаб ояд сарой ӯст

Бехонимон ки ҳеҷ надорад ба ҷузи худоӣ

ӯро гадо магӯӣ ки султон гадоӣ ӯст

Марди худо ба машриқу мағриб ғариб нест

Чандон ки меравад ҳамаи малик худоӣ ӯст

Он каз тавонгарӣу бузургӣу хоҷагӣ

Бегона шуд ба ҳар ки расад ошноӣ ӯст

Кӯтоҳи дидагони ҳамаи роҳат талаб кунанд

Орифи бало ки роҳат ӯ дар балоӣ ӯст

Ошиқ ки бар мушоҳидаи дӯст даст ёфт

Дар ҳар чаҳ баъд аз он нигарад аждаҳоӣ ӯст

Бигзор ҳар чаҳ дорӣ ва бигузар ки ҳеҷ нест

Ин панҷ рӯзаи умр ки марг аз қафоӣ ӯст

Ҳар одамӣ ки куштаи шамшер ишқ шуд

Гӯ ғам махӯр ки малики абад хунбҳои ӯст

Аз дасти дӯст ҳар чаҳ сетонеи шукр буд

Саъдии ризои худ матлаб чун ризоӣ ӯст