Чун айши гадоён ба ҷаҳон салтанатӣ нест
Маҷмӯтар аз малики ризо мамлакатӣ нест
Гар манзалатӣ ҳаст касеро магар он аст
Кандар назари ҳеҷ касаш манзалатӣ нест
Ҳар кас сифатӣ дораду рангӣу нишоне
Ту тарк сифат кун ки аз ин ба сифатӣ нест
Пӯшида касе бинии фардои қиёмат
Комрўзи бараҳнаи сет ва бар ӯ ориятӣ нест
Он кас ки дар ӯ маърифатӣ ҳаст кадомаст ?
Онаст ки бо ҳеҷ касаш маърифатӣ нест
Сангӣу гиёҳӣ ки дар он хосиятӣ ҳаст
Аз одаме ба ки дар ӯ манфиатӣ нест
Дарвеши ту дар маслиҳат хеш ндонӣ
Хуш бош агарат нест ки бемаслиҳатӣ нест
Он дӯст набошад ки шикоят кунад аз дӯст
Бар хӯн ки длороми бирезад дитӣ нест
Роҳи адаб инаст ки саъдӣ ба ту омухт
Гар гӯш бидорӣ ба аз ин тарбиятӣ нест