Тани одамӣ шарифаст ба ҷони одамият

На ҳамин либос зебост нишони одамият

Агар одамӣ ба чашмасту даҳону гӯшу бинӣ

Чаҳ миёни нақши девору миёни одамият

Хуру хобу хашму шаҳват шағабасту ҷаҳлу зулмат

Ҳайвон хабар надорад зи ҷаҳони одамият

Ба ҳақиқат одамӣ бош вагар на мурғ бошад

Ки ҳамин сухан бигӯед ба забони одамият

Магар одамӣ набӯдӣ ки асир дев монадӣ

Ки фиришта раҳ надорад ба макони одамият

Агар ин дарандаи хуии зи табиатати бимирад

Ҳамаи умр зинда бошӣ ба равони одамият

Расад одамӣ ба ҷое ки ба ҷуз худо набинад

Бингар ки то чаҳ ҳадаст макони одамият

Тайрон мурғ дидӣ , ту зи пойбанди шаҳват

Ба дар ой то бибинӣ тайрони одамият

На баён фазл кардам ки насиҳат ту гуфтам

Ҳам аз одамӣ шунидем баёни одамият