Бисёр солҳо ба сари хок мо равад
Кин об чашма ояду бод сабо равад
Ин панҷ рӯзаи муҳлати айём , одамӣ
Бар хоки дигарон ба такаббур чаро равад ?
эй дӯст бар ҷинозаи душман чу бигузарӣ
Шодӣ макун ки бо ту ҳамин моҷаро равад
Домани кашон ки меравад имрӯз бар замин
Фардои ғубори колбудаш дар ҳаво равад
Хокат дар устихон равад эй нафаси шӯхи чашм
Монанди серумаи дон ки дар ӯ тўтё равад
Дунёи ҳарифи сифлау маъшӯқ бе вафост
Чун меравад ҳар оина бигзор то равад
Инаст ҳоли тан ки ту бинӣ ба зери хок
То ҷони нозанин ки бар ояд куҷо равад
Бар соябони ҳасани амал эътимод нест
Саъдии магар ба сояи лутф худо равад
Ёрб мгири бандаи мискину дасти гир
Каз ту карам барояд ва бар мо хато равад