Рӯй дар масҷиду дили сокини хумор чаҳ суд ?

Хирқа бар дӯшу миёни баста ба зуннор чаҳ суд ?

Ҳар ки ӯ саҷда кунад пеш батон дар хилват

Лофи имон заданаш бар сари бозор чаҳ суд ?

Дил агар пок буд хонаи нопок чаҳ бок

Сар чу бемағз буд нағзии дастор чаҳ суд ?

Чун табиат набӯд қобили тадбири ҳаким

Қӯти адвияу нолаи бемор чаҳ суд ?

Қӯти ҳофизагар рост наёяд дар фикр

Умр агар сарф шавад дар сари такрор чаҳ суд ?

Ошиқӣ рост наёяд ба такаббури саъдӣ

Чун саодат набӯд кӯшиш бисёр чаҳ суд ?