Се тӯҳфа дод фироқи ду зулфи дӯсти маро
Яке дареғу дувуми ҳасрат ва сеюм савдо
Се ном ёфтам аз соъати ҷудоӣ ӯ
Яке ғарибу дувуми ғмгн ва сеюм танҳо
Манам зи ишқи ду зулфаш ба аҳду байъату дил
Яке дурусту дувуми муҳкам ва сеюм якто
Ба зулфу оризу хат , он маи хтоу хутан
Яке шабаҳасту дувуми басад ва сеюм мино
Се буқъа аз ду Рахши сад ҳазор фахр кунанд
Яке тарозу дувуми хлх ва сеюм яғмо
Ҷабин ва рӯй ва майонаш з рӯй наъту сифат
Яке маасту дувуми Зуҳра ва сеюм ҷавзо
Се гавҳараст ки бастади латофат аз се гуҳар
Яке зи обу дувуми зи оташ ва сеюм зи ҳаво
Ҳамеша бо се сифат мондаам зи фурқат ӯ
Яке асиру дувуми вола ва сеюм шайдо
зи сарву моҳу парии ҳасан ӯ ҷудо кардаст
Яке ҷамолу дувуми сӯрат ва сеюм боло
Ба рӯйу соиду сина хаҷал шуданд аз вай
Яке ҳариру дувуми ҳала ва сеюм дебо
Се ном ёфт ду рухсор ӯ зи ҳуру парӣ
Яке латифу дувуми турфа ва сеюм зебо
Магари з рӯйу лабу кӯй ӯ ба рашк даранд
Яке биҳишту дувуми кавсар ва сеюм ҳўро
Се чиз дар ҳасаданд аз ду дасти наҷми аддӣн
Яке Фуроти дувуми диҷла ва сеюм дарё
Алии бен умри онкў ба қадару ҷоҳ ва сахост
Яке тамому дувуми олӣ ва сеюм воло
Гузашти ҳиммату ройу маҳал ӯ зи се чиз
Яке зи шамсу дувуми зи ахтар ва сеюм зи само
Ба фазлу калаку кафши муқтадаи се тайифа анд
Яке қазоау дувуми сода ва сеюм умаро
Наиму нозу ниёз аз атоӣ ӯ шуда анд
Яке ниҳону дувуми зоҳир ва сеюм пайдо
Ба сад ҳазор забон шокиранд аз ӯ се гуруҳ
Яке ҳакиму дувуми оқил ва сеюм доно
Саҳобу баҳр ва садаф шуд зи фазлу табъу кафш
Яке ҳақиру дувуми тайра ва сеюм расво
Халос дод кафши аҳли фазлро зи се чиз
Яке зи шару дувуми зи офат ва сеюм зи бало
зи қадару ртбту дидор ӯ ҳаме нозанад
Яке сипеҳру дувуми ахтар ва сеюм дунё
Ҳазор гӯна бузургяш ҳаст ва нест се чиз
Яке ҳам?илу дувум ҳамбар ва сеюм ҳамто
Се гӯна айб нагардад ба гирди ваъда ӯ
Яке хилофу дувуми нася ва сеюм фардо
зи мъну ҷаъфару фазли андар ӯ се чизи падед
Яке хисолу дувуми сират ва сеюм симо
Аё гирифтаи ҳунар дар дилу кафу қаламат
Яке макону дувуми манзил ва сеюм маъво
зи дайну байнату ҳуҷҷат ту тарсонанд
Яке ҷуҳуду дувуми мулҳид ва сеюм тарсо
зи маҷди дайн ки зи ҷадаши се ҷой ҷоҳ гирифт
Яке ҳиҷозу дувуми Макка ва сеюм бтҳо
Ба қадару ҷоҳу ҷалолати гувоҳ ӯ шуда анд
Яке набӣу дувуми ҳайдар ва сеюм Заҳро
зи халқу халқу хисолаш ба ҳашар фахр кунанд
Яке расӯлу дувуми одам ва сеюм ҳавво
Ҳамеша ҳурмат ӯро зи подшои се мадад
Яке мисолу дувуми халъат ва сеюм тғро
Замини се чиз надорад чу азму зикру дилат
Яке саботу дувуми бастат ва сеюм паҳно
Ба ъзу фахру бузургӣ расидаанд аз ту
Яке табору дувуми дӯда ва сеюм обо
Расед мавсими наврӯзу тозаи гашти се ҷой
Яке ҷаҳону дувуми сабза ва сеюм саҳро
Шуданд боғу замину чамани зи фари баҳор
Яке ҷавону дувуми тоза ва сеюм бурно
зи лаҳни булбул ва қамарӣ гурехтанд се чиз
Яке ғробу дувуми шиддат ва сеюм сармо
Ба боғу роғи зи мисатони се чиз пайдо шуд
Яке хурӯшу дувуми заҳмат ва сеюм ғавғо
Се шаҳр дар ҳасаданд аз баҳору боғу чаман
Яке димишқу дувуми шаштар ва сеюм Санъо
Маро ба булбули ошиқи се чиз ошиқ кард
Яке навоу дувуми нағма ва сеюм ово
Ҷавон кунанд хрФро ҳамеи се чизи латиф
Яке баҳору дувуми сабза ва сеюм саҳбо
Ҳамеша боди баҳору сипеҳру ахтару даҳр
Яке раҳяту дувуми чокар ва сеюм мавло
Бад-ӣни қасида ки дорад зи некуии се сифат
Яке бадеъу дувуми мӯъҷиз ва сеюм ғро
Ба сӯии тоиФу Кирмон ва Басра оварадам
Яке адиму дувуми зера ва сеюм хурмо
Ҳамеша то буд аз чашми мо се чизи ниҳон
Яке парӣу дувуми ҷинат ва сеюм анқо
Ниҳон мабод се чиз аз макони ҳазрати ту
Яке бақоу дувуми давлат ва сеюм нъмо