эй рух ва зулфин ту дар фитнаи доми рӯзгор

Кардаам дар ишқи ту дилро ба коми рӯзгор

Рӯзгор ар рӯз ва шаб бошад рух ва зулфин ту

Рӯзгорӣ дигаранд эй ман ғуломи рӯзгор

Лоҷарам чун рӯзгор аз ҷаври насаеи дамӣ

Ореи андари ҷавр маърӯфаст номи рӯзгор

Кардаам чашм аз сиришки лолаи гаван чун ҷом май

То май ҳиҷрами чшонидӣ ба ҷоми рӯзгор

Нест мумкин ҷустан аз доми ту дилро , зонка ту

Рӯзгорӣ , кӣ тавон ҷустани зи доми рӯзгор

Дом анъом худовандаст гӯйии доми ту

Он ки бастади дил ба ҷӯад аз хосу оми рӯзгор

Муҷаддадину умдаи исломи Абулқосими алӣ

Он мъолӣу маъониро эмоми рӯзгор

Пешгоҳи ақлу фазлу подшоҳи назму наср

Қиблаи фахру шарафи садру низоми рӯзгор

Рӯзгор омад қавоми умру қонӯни ҳаёт

Боз умр ӯст қонӯну қавоми рӯзгор

Фкртши вақти фаросати Фтнтши ҳангоми фазл

БўФроси аҳди гашту бўтмоми рӯзгор

эй ба чанги ҳалу ақди ту Аннани осмон

эй ба дасти қабзу басти ту зимоми рӯзгор

Дар ҷаҳони адли умеди амони олимӣ

Бар сипеҳри маҷди хуршеди кироми рӯзгор

Рӯзгори илму адлу дайн ҳумоюн шуд ба ту

Пас эй рӯзгорӣ ё эмоми рӯзгор

Меҳру кини ту дар иқболу идбори ҷаҳон

Амр ва наҳй ту сари ҳалу ҳароми рӯзгор

Комрон чун рӯзгорӣ вонкаҳ дорад меҳри ту

Баҳра Эй дорад тамом аз иҳтимоми рӯзгор

Мнтқм чун рӯзгор омад хилофу кини ту

Кист онкў бар занад бар интиқоми рӯзгор

Рости гӯйии эзад аз хушнӯдӣу хашм ту кард

Саъду наҳси осмон , нуру зломи рӯзгор

Гар насими халқу икроми ту бар олами ҷаҳд

АҳнФ ва ҳотам шаванд аз ваии лӣоми рӯзгор

Рӯзгораст офарин хон бар хисолу расми ту

Вена касе донад ки дарёбад каломи рӯзгор

Меҳр ва ма хонанд бар қудрати дуруди осмон

Рӯз ва шаб гӯйанд бар садрати саломи рӯзгор

эй худованд аз ҷамоли хизмати маймуни ту

Бенасибам дошт рои тираи фоми рӯзгор

Ин ҷамолу мартабат бар рӯзгорами дом буд

Ёфтам охир ба иқболи ту доми рӯзгор

То гуҳи гаштани бад ва некаст феъли осмон

То гуҳ рафтани шаб ва рӯзаст гоми рӯзгор

Бод бар вифқи муроди ту мадори осмон

Бод бар ҳасби бақои ту мақоми рӯзгор