Соқӣ бидиҳ он шароби гулгун ро

Каз гӯна хаҷал кунад тбри хӯн ро

Хоҳӣ ки рухи ту ранг гул гирад

Аз каф манеҳ он шароби гулгун ро

Нохуш натавон гузошт бе бода

Вақти хушу соъати ҳумоюн ро

Он бодаи ақиқи нобро монад

Чўнонкаҳи пиёла , дар макнун ро

Як қатра аз ӯ фидоӣ ҳомӯн кун

То лола ситон кунем ҳомӯн ро

Як ҷуръа аз ӯ бирез дар Ҷайҳун

То гӯнаи гули диҳеми Ҷайҳун ро

Афсун ғаманд бодау мастӣ

Бар лашкари ғами гумор , афсун ро

Кин сарф кунад срўФи гетӣ ро

Вон дафъ кунад балои гардун ро

Бода сабабаст айши мардум ро

Лайлӣ ғаразаст ишқи маҷнӯн ро

Қонӯни қарор ъушрат омад май

Зойеъ макун ин қарору қонӯн ро

Гар толиби молу ганҷи афзӯнӣ

Ороста бош ранҷи афзӯн ро

Бемол чаҳ бад расед Мӯсо ро

Вази ганҷ чаҳ нафъ буд қорун ро