Орзӯмандии ман хизмату дидори ту ро

Чун ҷафои фалаку меҳнати ман бисёр аст

Тани ман каз ту ҷудо монад ба назд ҳамаи халқ

Чун ҷаҳони пеши дилу чашми ту бемиқдор аст

Дилам аз фурқати ту танг чу чашм мӯр аст

Айшам аз даврии ту талх чу зҳрмор аст

Бадали хобу хирад дар дил ва дар дидаи ман

Шабу рӯз аз ғами дидори ту хӯн ва хор аст

Гӯшам аз гавҳари алфози ту то маҳрӯм аст

Ҳамчуи алфози ту чашмами ҳамаи гавҳар бор аст

Гарчи ёдам накунӣ ҳеҷ фаромӯш на Эй

Ки маро бо туу ёди ту фаровон кор аст

Рӯзгорати ҳамаи хуши бод ки бе дидан ту

Рӯзгору сару корами ҳама ноҳамвор аст