Саркашӣ аз қомати он дилрабо зебанда аст
Мади эҳсон ҳар қадар бошад расо зебанда аст
Нақди ҷонро масрафӣ чун хоки пой ёр нест
Сарвро оби равон дар зери по зебанда аст
Хўшнмо бошад шароби лаъл дар ҷоми булӯр
Панҷаи симини хубонро ҳино зебанда аст
Моҳ дар абри тнки ҷавлон дигар ме кунад
Сарви симинро қабои таҳи намо зебанда аст
Аз карямон ҳар қадари лутфу тавозуъи хўшнмост
Саркашӣ ва бениёзӣ аз гадо зебанда аст
Сабзаи умеди хушк аз абр беборон шавад
Дар либоси шарми арзи муддао зебанда аст
Парда пӯшӣ мекунад давлати сар бемағз ро
Устихон дар сояи боли ҳумо зебанда аст
Май намояди теғи ғайрати ҷавҳари худ дар ниёам
Фақрро дар остини дасти дуо зебанда аст
То ҳаворо аҳли давлати зери даст худ кунанд
Пояи тахти сулаймон бар ҳаво зебанда аст
Сафҳаҳои содаро мстр буд нақши мурод
Бар тани дарвеши нақши бӯрё зебанда аст
Соиб аз заррини кулоҳони хоксории хўшнмост
Шохи наргисро назар бар пушти по зебанда аст