Хоксорӣ аз бузургони ҷаҳон зебанда аст

Бо замин , афтодагӣ аз осмон зебанда аст

Аз шикастан мефазояд рутбаи тарафи кулоҳ

Сар ба пеш андохтан аз саракашон зебанда аст

Дар хазон саҳласт бо назорагии ҳасани сулӯк

Тозаи рӯе дар баҳор аз боғбон зебанда аст

Мағз агар нармӣ кунад чандон надорад тозагӣ

Чарби нармии бештар аз устихон зебанда аст

Кӯҳсор аз хандаи биҷои Кебек аз ҷо нарафт

Бурдборӣ аз бузургони ҷаҳон зебанда аст

Ҳар киро бар хоки роҳи андохт , созад сарбаланд

Даъвии гардани фарозӣ аз синон зебанда аст

Он қадрҳо каз сухан бошад баландии хўшнмо

Кӯтаҳӣ дар даъвӣ аз теғи забон зебанда аст

Аз дуруштиҳои савҳони теғ ҳо гирданд нарм

Сар ба сари пасту баланди ин ҷаҳон зебанда аст

намешавад соҳили зи ҷзру мади дарёи қадрдон

Бухлу эҳсон ҳар ду аз пери Муғон зебанда аст

Аз хамӯшӣ қудрат гуфтор гардад мояи дор

Дар мақоми худ сукӯн аз корвон зебанда аст

Бода дар ҷоми булӯрӣни ҷилва дигар кунад

Хӯни мо бар гардан симин барон зебанда аст

Тоъат аз перон , ръўнт аз ҷавонони хўшнмост

Ростӣ дар тир чун хам дар камон зебанда аст

Хушкӣ аз сари панҷаи марҷон агар беруни барад

Лофтар дастии зи баҳри бекарон зебанда аст

Гар набандад бар замин чун сояи нақш аз ҷилва аш

Лофи раъноеи зи сарви бӯстон зебанда аст

Соиб аз рангин кулланмон тарки даъвии хўшнмост

Ғунчаро меҳр хамӯшӣ бар даҳон зебанда аст