Ҳасан бе парвои зи шӯри андалебон фориғ аст

Ғунчаи ин боғ , дил хӯрдан намедонад ки чист

Рехти хӯни кӯҳканро теша аз даҳшат ба хок

Ширхори одоб мехӯрдан намедонад ки чист

Ноқисон осӯдаанд аз ғам ки моҳи нотамом

То нагардад бадар , дил хӯрдан намедонад ки чист

Ин ҷавоби он ки мегуяд назирӣ дар ғазал

Ҳар ки дилро бохти дил бурдан намедонад ки чист

Доғи умри рафта афсурдан намедонад ки чист

Оташи ин корвон мурдан намедонад ки чист

Шуъларо ашки кабоб аз сӯхтан монеъ нашуд

Оташи сӯзони намак хӯрдан намедонад ки чист

Хори натавонад гирифтани домани реги равон

Раҳнаварди шавқ , афсурдан намедонад ки чист

Аҳли сӯрат аз хазон бедимоғӣ фориғанд

Ғунчаи тасвир , пажмурдан намедонад ки чист

Гашти завқи ваъдаи сади роҳи ҷусту ҷӯи маро

Дасту по гум карда , пай бурдан намедонад ки чист

Куштаи теғи шаҳодат дар ду олам зинда аст

Маҳви оби зиндагӣ , мурдан намедонад ки чист