зи ранги ол , зуҳӯри ҷалол маълум аст
Ҷалоли ҳасани з рӯй ҷамол маълум аст
Сафои рӯҳ аён гардад аз тани хокӣ
Қумоши оби зулол аз суфол маълум аст
Гирифт ҳар ки кам худ , расад ба авҷи камол
Тамоми гаштани моҳ аз ҳилол маълум аст
Лаби кушода , ба ҳирсаст ҳуҷҷати нотиқ
Ганаии фақри зи тарки савол маълум аст
зи сояи пару боли ҳумо ки дар гузараст
Шитоби давлати ошиқи завол маълум аст
Ба канаи номаи тавон роҳи бурдан аз унвон
Ки ҳоли соли зи таҳвили сол маълум аст
Тавон ба решаи асл аз саводи паии бурдан
зи сояи саркашии он ниҳол маълум аст
Ҳалол , сарф маҳоласт дар ҳаром шавад
зи харҷ , дахли ҳарому ҳалол маълум аст
Миёни тозаи хаёлон , чу зулф аз рухсор
Хаёли соиби нозуки хаёл маълум аст