Боди баҳори марҳами дилҳои хаста аст

Гули мумиёеи пару бол шикаста аст

Шох аз шукуфаи пунба саранҷом ме кунад

Аз баҳри доғи лола ки дар хӯн нишаста аст

Вақтаст агар зи пӯсти бароянди ғунча ҳо

Шери шукуфаи заҳри ҳаворо шикаста аст

Ин сабза нест бар лаби ҷӯи руста , навбаҳор

Бар захми хок , марҳами зангор баста аст

Занҷиреаст абр ки фарёд ме кунад

Девона Эйаст барқ ки аз банд ҷуста аст

Пое ки кӯҳсор ба домани шикаста буд

Аз ҷӯши лола бар сар оташ нишаста аст

Афсонаи насим ба хобаш наме кунад

Аз нола ки буии гул аз хоб ҷустааст ?

Аз ҷӯши гул , зи рахнаи девори бӯстон

Хуршед дар камӣн тамошо нишаста аст

Соиб ба ҳуш бош ки доруии биҳшӣ

Боди баҳор дар гиреҳи ғунча баста аст