Ин хори ғам ки дар дил булбул нишаста аст

Аз хӯни гули хумори худ аввал шикаста аст

Ин ҷазбае ки аз кафи маҷнӯни Аннани рабӯд

Аввали зимоми маҳмили Лайлӣ гусаста аст

Пои шикастаи санги раҳ мо наме шавад

Шавқи ту мумиёеи пой шикаста аст

Бар ҳасани зуди сайри баҳор эътимод нест

Шабнам ба рӯй гул ба амонат нишаста аст

Аз хати яке ҳазор шуд он холи анбарин

Даври нишоти нуқта ба паргор баста аст

Бар сар гирифтаем ва сбкбор ме рӯем

Кӯҳи ғамӣ ки пушти фалакро шикаста аст

Осӯда аз заволи худ офтоби гул

То боғбон ба соя гулбун нишаста аст

Барқӣ каз ӯст синаи абри баҳори чок

Бо шухии ту мурғу пару бол баста аст

Пайвастааст силсилаи мавҷҳо ба ҳам

Худро шикаста ҳар ки дили мо шикаста аст

То хешро ба кӯчаи гавҳар рисонда ем

Сад бори риштаи нафаси мо гусаста аст

Доғами зи шӯхи чашмии шабнам ки борҳо

Аз барги гул ба доман соқӣ нишаста аст

Хӯн дар дили пиёла хуршед ме кунад

Сангӣ ки шишаи дили моро шикастааст ?

( дар коми аждаҳои мукофот чун равад ?

Озодае ки хотир мӯрӣ нахастааст )

Бурҳони брФшондни домон ноз ӯст

Гирди итиммӣ ки ба гавҳар нишаста аст

То бастааст бо сари зулфи ту ақди дил

Соиби зи халқи риштаи улфат гусаста аст