Зулфаш ба ҳар ду дасти Аннанам гирифта аст
Абрӯӣ ӯ ба пушти камонам гирифта аст
Ман чун ҳадаф наме рӯм аз ҷои хештан
Пайкон ӯ абас ба забонам гирифта аст
Чун аз миён халқ нагирам канорае ?
Фикри канор ӯ ба миёнам гирифта аст
Оташ чигуна даст ва гиребон шавад ба хор ?
Ишқи ситезаи хуй , чунонам гирифта аст
Соиб чу абри гиря агар мекунам равост
Оташ чу барқ дар раги ҷонам гирифта аст