Чашми қадаҳ ба ҷилваи миноӣ бода аст

Ин шӯхи чашм , қамарии сарв пиёда аст

Доғаст лоларо ба ҷигар , ё зи бихўдӣ

Маҷнӯни сиррӣ ба домани Лайлӣ ниҳода аст

Аз заҳри чашм , об диҳад теғи сарв ро

Аз ҷилваи ту ҳар ки дил аз даст дода аст

Дар пои гул ба хоб шудан нест аз адаб

Дар гулшанӣ ки сарв ба як по ситода аст

Дар даст соқён набӯд сайру даври мо

Боди муроди киштии мо зӯр бода аст

Расво шавад зи абри баҳорони замини шӯр

Зоҳиди зи нақси хеши гурезони з бода аст

Дар хат анбарин нарасад ҳеҷ фитна Эй

Зон фитнаҳо ки аз шаби зулфи ту зода аст

Донад садаф чаҳ мекашад аз рӯй талхи баҳр

Ҳар каси зи эҳтиёҷи даҳанро кушода аст

Соиб ғамин намешавад аз марги рафтагон

Ҳар кас ба худ қарор иқомат надода аст