Бемори ишқро ба даво эҳтиёҷ нест
Дили зиндаро ба оби бақо эҳтиёҷ нест
Аз дастгир , даст бурӣдааст бе ниёз
Аз сари гузаштаро ба ҳумо эҳтиёҷ нест
Андешаи савобу хатои фаръ хоҳиш аст
Тадбир дар мақоми ризо эҳтиёҷ нест
Шастами зи ихтиёр , ба хӯни дасти хеш ро
Дигари маро ба дасти дуо эҳтиёҷ нест
Сидқ азиматаст ба манзили марои далел
Гӯши маро ба бонг даро эҳтиёҷ нест
Доғи ҷунун ба афсар шоҳӣ баробараст
Девонаро ба боли ҳумо эҳтиёҷ нест
Аз пӯст бениёз буд ҳар ки мағз ёфт
Ҳақи ҷӯйро ба ҳар ду саро эҳтиёҷ нест
Бол манаст пой ба доман кашида ам
Сайри маро ба ҷунбиши по эҳтиёҷ нест
зи авзоъи ногувор басаст ончӣ дида ам
Ойӣнаи маро ба ҷило эҳтиёҷ нест
Дар танагӣ диласт шикархандаҳо ниҳон
Ин ғунчаро ба боди сабо эҳтиёҷ нест
Афтодааст ҷазбаи баҳри карами расо
Сайлобро ба роҳнамо эҳтиёҷ нест
Пӯшидааст роҳи ҳақ аз чашми ботилон
Бтхонаҳро ба қиблаи намо эҳтиёҷ нест
Бе тарбияти рисонда ба миъроҷ , хеш ро
Сарви туро ба нашаву намо эҳтиёҷ нест
Хуршед аз сиёҳии лашкар буд ғанӣ
Он чеҳраро ба зулфи ду то эҳтиёҷ нест
Сар бар наёварам чу ҳубоб аз дили муҳӣт
Соиби маро ба касби ҳаво эҳтиёҷ нест