Раг дар танат аз покӣ гавҳар натавон ёфт

Дар оинаи софи ту ҷавҳар натавон ёфт

Ҳар мӯии хати сабзи турои печиш хосӣ аст

Як ҳарфи дарин сафҳа мукаррар натавон ёфт

Нақшӣ ба фиребандагии он хати мавзун

Дар силсилаи муваҷҷаҳ кавсар натавон ёфт

Ин фитна ки дар наргис нилӯфарӣ туаст

Дар парда на торам ахзар натавон ёфт

Ғофил машав аз ҳасани хати ёр ки ин давр

Чун аҳд ҷавонӣаст ки дигар натавон ёфт

То шонаи сифат сар нанаҳй дар сари ин кор

Сари риштаи он зулф мънбр натавон ёфт

Дар ҷом май овез ки дар олам ҳастӣ

Беншأаҳ май , олам дигар натавон ёфт

Рози дили ушшоқ чу хуршед аён аст

Як номаи печида ба маҳшар натавон ёфт

Дар фикр асар бош ки ҷузи оинаи имрӯз

Шамъӣ ба сари хок Сикандар натавон ёфт

Гардани макаш аз теғ ки ҷузи ҳалқаи фитрок

Дар хулди раҳ аз рахна дигар натавон ёфт

То бар дили сад пораи худ танг нагирӣ

Чун ғунчаи гул , домани пар зар натавон ёфт

Дар абри тнк , ҷилваи хуршед аён аст

Чун ҳасани туро дар таҳ чодар натавон ёфт ?

Кӯтоҳи забони шӯ ки зи дандони надомат

Захмӣ ба лаби хомаш соғар натавон ёфт

Амрў ба ҷузи калаки гуҳарбори ту соиб

Шохӣ ки диҳад мива гавҳар натавон ёфт