Дар хоки ватан чанд тавон раҳ ба Асо рафт ?

Кӯи водии ғурбат ки тавон рӯ ба қафо рафт

Аз баси қадаҳи талх мукофот кашидам

Аз хотири ман дағдағаи рӯз ҷазо рафт

Хизри раҳи арбоби талаб , азм дуруст аст

Овора шуд он кас ки пай роҳнамо рафт

То чанд тавон даст дуо дошт бар афлок ?

Ин зӯр дар айём ки бар даст дуо рафт ?

Он рӯз ки хуршеди қадаҳ чеҳра барафрӯхт

Ранги адаб аз чеҳраи гулзор ҳаё рафт

Бар ҳосили мо чун ҷигар барқ насузад ?

Аз рӯй хазони ранги з бебаррагӣ мо рафт

Чун аз лаби паймонаи ман заҳр наризад ?

Соиб ба ман аз гардиши айём чҳо рафт