Доғи барг айш гардад дар дили ношоди мо
Ҷғд мегардад ҳумоюн дар хароби ободи мо
Ҷунбиши гаҳвораи хоби Тифлро созад гарон
Аз тазалзул беш муҳкам мешавад бунёди мо
Чашм гиро мекунад нахҷӣрро бедасту по
Аз каманду доми мустағнӣ буд сайёди мо
Нест чун миҷмари дили гармии бисоти хок ро
Гарм дорад чун сапанди ин базмро фарёди мо
Нақши ширинро ба хӯни дил мусаввир сохтем
Бесутуни кони Бадахшони гашт аз Фарҳоди мо
Аз насими навбаҳорони ғунчаи пайкони шкФт
Ҳеҷ касро нест пурвои дили ношоди мо
Нест ҷурми дӯстонгар ёди мо камтар кунанд
Ваҳшат аз мо даври гардон беш дорад ёди мо
Тири каҷ ҳаргиз нагардад рост аз зӯри камон
Бигузар эй пери Муғон аз водии иршоди мо
Оҳи оташборро дар сина май сӯзади нафас
То шавад нарми ин дил чун байзаи фӯлоди мо
Сабзаи бегона бстонсроӣ оламем
Ҷуз пушаймонӣ надорад ҳосилии эҷоди мо
Субҳи хезони ҷаҳонро хоби ғифлат барда аст
намекунад гоҳе ба оҳии субҳдами имдоди мо
То ба рӯй сахти мо соиби сар ва кораш фитод
Тавба кард аз сахти рӯеи силии устоди мо