Аз камар берун наомад тешаи Фарҳоди мо
Кӯҳро бардошт аз ҷои нолау фарёди мо
Мо чу маҷнӯни чашми оҳӯро сухангӯ карда ем
Гунг монад ҳар ки гардани печад аз иршоди мо
Гарчи гӯши боғбонро парда инсоф нест
Доғ ҳо дорад чу барги лола аз фарёди мо
Лавҳи имкони танг майдонаст , варна ме намӯд
Ҷавҳари худро забони хомаи фӯлоди мо
Гарчи вайронем , аммо дилнишин афтода ем
Сайли натавонади гузаштан аз хароби ободи мо
Пушт мо бошад зи санги кӯдакон бар кӯҳи қоф
Нест саҳройӣ чу маҷнӯни ишқи хуши бунёди мо
Аз дили мо барнаме ояд нафас бе ёди ту
Гар турои ҳаргиз ба гирд дил нагардад ёди мо
Дасту пои сайд май печад ба ҳам аз диданаш
Аз каманду доми мустағнӣ буд сайёди мо
ИўсФстонӣаст аз занҷирён ҳар ҳалқа аш
Зулф ӯро кӣ буд пурвои шаби хуши боди мо ?
Ҳар раг сангӣ шавад ангушти зинҳор дигар
Сангро соиб фишорад дил агар фарёди мо