Чашми маст ёр шуд махмур ва мадҳушем мо
Бода аз ҷӯш нишот афтод ва дар ҷӯшем мо
Нолаи мо ҳалқа дар гӯш иҷобат ме кашад
Каз саҳархезони он субҳ биногвашем мо
Қатра ашкем бо оворагеи ҳам корвон
Дар канори чашм аз хотир фаромӯшем мо
Фитнаи сад анҷуман , ошӯби сад ҳангома ем
Гар ба зоҳир чун шароб куҳна хомӯшем мо
Бетаъаммул чун арақ бар рӯй хубон май дуюм
Чун каманди зулф , густох бар ва дӯшем мо
Пайкар мо мекунад шамшерро дандонаи дор
Дар либос аз ҷавҳари зотӣ зира пӯшем мо
Кор равған мекунад бар оташи мо оби теғ
Хӯн Мансурем , доим бар сар ҷӯшем мо
Хирқаи дарвешии мо чун зира зер қабост
Пеши чашми халқи зоҳирбини қбопўшими мо
Номаи печидаро чун оби хондани ҳақи мост
Каз сухани фаҳмони он лабҳои хомӯшем мо
Аз шароби мо раг хомӣаст соиби мавҷи зан
Гарчи умрӣ шуд дарин майхона дар ҷӯшем мо