Навбаҳораст саранҷоми зарӣ бояд кард

Ба хароботи зи масҷиди гузарӣ бояд кард

Зар ба зар ҳар ки диҳад нест пушаймон шуданаш

Нақди ҷони сарфи раҳи симбрӣ бояд кард

Пеш азон кин дили сад пора парешон гардад

Фикри шерозаи мӯии камарӣ бояд кард

Хасу хошок ба дарё нарасад бе сайлоб

Сари фидои қадами роҳбарӣ бояд кард

То чу ёқӯти магари санги ту гавҳар гардад

Солҳо хизмати равшани гуҳарӣ бояд кард

Нест инсофи азин марҳалаи ғофил рафтан

Хуфтагонро ба сарпои хабарӣ бояд кард

Пеш азон кин қафаси танги баҳами дршкнд

Фикри болӣу саранҷоми парӣ бояд кард

Чун не аз нолаи дилиро накунигар бедор

Нақли ин талхи даҳонони шукрӣ бояд кард

Гар ба хокистари шаби оина равшан накунӣ

Сайқал аз қомати хам ҳар саҳарӣ бояд кард

Лоуболӣаст ҳақиқати ҳама ҷо ме бошад

Ба хароботи Муғони ҳам гузарӣ бояд кард

Чун ба бе ҳосилии озод тавон шуд чун сарв

Чаҳ зарураст талоши самарӣ бояд кард ?

То ба кӣ харҷи тамошои ҷаҳон хоҳӣ шуд ?

Дар саранҷоми худ охири назарӣ бояд кард

Ҷой раҳмаст ба ошуфтаи димоғии коўро

Зиндагонӣ ба муроди дгарӣ бояд кард

Аз сафар кардан зоҳир нашавад кори тамом

Соиб аз хеш чу мардони сафарӣ бояд кард