Ҳасани рӯзӣ ки сафи орои он мижгон кард

Сафи маҳшари илми шӯҳрати худ пинҳон кард

Пеши азингар ба шукри писта ниҳон ме карданд

Лаби нави хати ту дар пистаи шукр пинҳон кард

Нест мумкин ки дигар қомати худ рост кунад

Ҳар киро ҷилваи мастона ӯ вайрон кард

Дод бар боди сари сабзи худ аз бе мағзӣ

Ҳар ки чун пистаи дарин базми лабӣ хандон кард

Чаҳ зарураст ба тадбир кунӣ мушкилтар ?

Мушкилиро ки ба таслими тавон осон кард

Биқрорӣ натавон барад ба дарё аз мавҷ

Ба давои дарди талабро натавон дармон кард

Ҳар ки бо абр карам кард чу дарёи соиб

Дар ҳақиқат ба ҳама рӯй замин эҳсон кард