Дар ҷилваи гоҳи ҳасан , саропоӣ дида бош
Дар пеши зангии оинаи занг дида бош
Дар ҷӯйбори ақл ба лангар хиром кун
Дар баҳри ишқи киштии тӯфон расида бош
Дар ҷустуҷӯии хона дар бастааст файз
Доим чу ғунчаи сар ба гиребон кашида бош
Моҳии забон баҳр шуд аз файзи хомшӣ
Дар базми аҳли ҳоли забон бурӣда бош
Ёд аз нигоҳи гири тариқи сулӯк ро
Дръини ошнои мардум рамида бош
Пои гурез , шҳпри парвоз душман аст
Гар пеши сайл рӯй орамида бош
Соиб бабанд лаби зи баду неки мардумон
Дар дафтари ҷаҳон , сухан ношунида бош