Ғофили зи ҳоли ошиқи хунин ҷигар мабош

Мағрури ҳасани по ба рикоб ӣнқадар мабош

Ҳаргоҳи бҳлаҳро ба камар ошно кунӣ

Аз дасти кори рафтаи мо бехабар мабош

Ҳангомаи шароби камӣнгоҳ офат аст

Дар маҳфилӣ ки бодаи хурӣ бехабар мабош

Ҳамроҳи бади зи раҳзан бегона бадтараст

Боҳар ниёзмудаи рафиқ сафар мабош

Нақш мурод нест дарин боғи ҷузи яке

Зинҳори ҳамчуи оби парешон назар мабош

Ҳаргиз ба дасти пеш заволӣ наме расад

Гар брхўрӣ ба теғи фано беҷигар мабош

Аз ҷоми номи ҷам ба забонҳо фитода аст

Зинҳор дар бисоти ҷаҳон беасар мабош

Ғамгин макун , агар накунӣ шоди хотирӣ

Гар марҳам дилӣ нашӯй нештар мабош

Чун негар аз навой глўсўзи муфлисӣ

Дар коми талхи сӯхтагон бешукр мабош

Аз ҳарду сар машав тарозуии чархи қалб

Гар сандал сиррӣ нашӯй дардисар мабош

Пешонии кушода ба аз ганҷ гавҳараст

Дилтанг чун садафи зи видоъ гуҳар мабош

Дилро чу сарви бед хунак кун ба соя Эй

Якборагӣ чу дори фано бесамар мабош

Умрӣаст то чу шабнами гул дар рикоб туаст

Ғофили зи ҳоли соиби хунин ҷигар мабош