Фориғи зи таманнои ҷаҳон гузарон бош

Бедоъия чун дида ҳайрат задагон бош

Аз роҳи тавозуъ ба фалак рафт масеҳо

Бозарра таназзул куну хуршед макон бош

Зон пеш ки айёми баҳорон басар ояд

Омодаи парвоз чу авроқ хазон бош

Дар ҳуққа сарбаста гузоранд гуҳар ро

Хомӯш нишин , муҳаррами асрор ниҳон бош

Ойӣна хуршед шавад дидаи бедор

Чун шабнами гули тодми охир нигарон бош

Шуд махзани гавҳари садаф аз поки даҳоне

Як чанд дарин баҳри ту ҳам пок даҳон бош

Сарриштаи мизони адолати мада аз даст

Зинҳор ки бо ҳарки гаронаст гарон бош

Ҷое ки ба кирдор буд қимати мардум

Соиб ки туро гуфт ки чун теғ , забон бош ?