Шуд серумаи сувидои дил аз нури ҷамолаш

эй вой агар теғ кашад барқи ҷалолаш

Чун мӯр , дили хоми тамаъ бол баровард

То шуд зтаҳи зулфи аёни донаи холаш

Хат бар сари раъное шамшод кашида аст

Ҳар чанд ки беш аз алифӣ нест ниҳолаш

Чун оинаи он кас ки зи соҳиб назарон шуд

Дркўчаҳу бозор буд суҳбати ҳолаш

Дар пӯст нагунҷад гул аз андешаи шодӣ

Ғофил ки шикарханд буд субҳи заволаш

Рангини сухани он ба ки бисозад ба хамӯшӣ

Тоўси ҳамон ба ки набинад прўболш

Чун бар сар гуфтор равад хомаи соиб

Девона шавад буии гул аз лутфи мақолаш