Муҳаббати ту з дил дод печу тоби иваз
Гирифт хоки сияҳ , дод машки ноби иваз
Ситорае ба дил аз доғи ишқ ӯ дорам
Ки на ба моҳ кунам на ба офтоби иваз
Ба нури ақли дарин анҷуман касе биност
Ки кард давлати бедорро ба хоби иваз
Шудам хароби збими хароҷ , азин ғофил
Ки ганҷ металабанд аз ман хароби иваз
Матоъи дил ба касе додаам ки хурсандам
зи бади муомилагӣ гар диҳад ҳисоби иваз
Ки мехӯрд ба май ноб , зуҳди хушки маро ?
Ки бо муҳӣт гуҳар мекунад сароби иваз ?
Биҳишт нақд шавад ризқи хуши муомила Эй
Ки май фурушад ва гирад змни китоби иваз
Магар ба ишқи дили хеш хуш кунам соиб
Ва гарна умр надорад ба ҳеҷ боби иваз