Чун барқ зуд мегузарад обу тоби хат
Зинҳор дил мабанд ба мавҷи сароби хат
Чун мӯ бротшаст дамии печи втоби хат
Ғофил машав зи давлати по дар рикоби хат
Зинсон ки чашми масти ту дар хоб ғифлат аст
Тарсами туро ба ҳуш наёрад гулоби хат
То чанд биҳсоб ба аҳл назар кунӣ ?
Инак расед навбати рӯзи ҳисоби хат
Азбс ки чашми булҳавасон хирагӣ намӯд
Рафт офтоби навбати рӯзи ҳисоби хат
Райҳон хулд нест сазовор ҳар суфол
То дар дил ки реша кунад печу тоби хат
Хат бар сари бунафша фирдавс ме кашад
Дар чашм ҳарки кашад интихоби хат
Аз ҳолаи ма ба ҳалқа мотам нишаста аст
То кард иҳотаи чеҳра ӯро саҳоби хат
Чун доғи лолаи марҳамаш аз машк суда аст
Соиби дилӣ ки гардад доғу кабоби хат