Афтод моҳи ориз ӯ дар ваболи хат

Зулфаш ҳаво гирифт ба як гӯшмоли хат

Мансӯхи гашт чун хати кӯфии зи хати насх

Тғрои чини абрӯӣ ӯ аз мисоли хат

Гар сад ҳазор таббати ворунаи хонда Эй

Берун намеравад зи замирати малоли хат

Қӣри дўоли по ки шунидӣ хатасту бас

Чанд обрӯии теғи барӣ дар заволи хат

Хоҳад фитод кавкаби бахти баланди ту

Аз оҳу дӯди сӯхтагон дар ваболи хат

Раҳмӣ ба хоксорӣ ошиқ наме кунӣ

То рӯй нозукат нахурд хокмоли хат

Соиб чаҳ давлатӣаст ки равшан намӯда аст

Чашмами саводи хати ғубор аз хаёли хат